Иштироки Сарвари давлат дар ҷамъомади идонаи Рӯзи Модар

Март 7, 2013 14:29

Душанбе, 7 март (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи Модар бо зиёда аз 2200 нафар занону духтарони фаъоли ҷумҳурӣ мулоқот намуд.Барои иштирок дар ҷамъомади идонаи бахшида ба Рӯзи Модар занону духтарони фаъоли дорои касбу кори гуногун, аз тамоми вазорату идораҳо, дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва аз ҳама гӯшаю канори кишвар ба ҳам омаданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва кулли модарону бонувони ҷумҳуриро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки ҷашнгирии иди Модар дар рӯзҳои аввали фасли баҳор ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таърихи бостонии чандҳазорсола дорад.Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, зан-модар дар Қуръони Карим, ҳадисҳои набавӣ ва умуман фарҳанги исломӣ низ мақому манзалати олӣ дорад.«Аз ин хотир, — таъкид гардид дар суханронӣ, — Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таълиму тарбияи занону духтарони фаъолу ташаббускор ва пешбарӣ намудани онҳо ба вазифаҳои идорию роҳбарӣ дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ пайваста тадбирҳои судбахш амалӣ менамояд».Аз ҷумла зикр гардид, ки барои татбиқи ин ҳадафҳо 18 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои зан, баробарҳуқуқии зану мард ва мақому манзалати ҷамъиятии бонувонро ҳифз менамоянд.Бино ба маълумоти таҳлилии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ин минбар садо дод, аз соли 2006 ба ин сӯй ҳар сол барои бонувони соҳибкор 40 гранти Президентӣ ҷудо мешавад, ки маблағи умумии он дар 7 соли охир ба 5 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст. Аз ин маблағҳо 96 сохтори соҳибкории бонувон ва 170 соҳибкорбонуи инфиродӣ баҳравар шуда, фаъолияти босамари худро дар тиҷорат ва истеҳсолоти хурд ташкил намудаанд.Ба нақши занону модарон дар таълиму тарбияи шоистаи фарзандон ва умуман насли солими наврас таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки пеш аз ҳама бонувону модарон метавонанд дар татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» нақши муассиру судбахш дошта бошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 7,5 ҳазор оилае, ки ҳар сол хонавайрон мешаванд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҷавонон, хусусан духтарон бояд ба ҳаёти оилавӣ хуб омода карда шаванд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раванди гумроҳсозии баъзе кӯдакон ва наврасону ҷавонони ноогоҳ, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ифротгаро бо фиреб ба мактабҳои террористии хориҷӣ бурда мешаванд, изҳори нигаронӣ намуд. Тавре зикр гардид, дар ду моҳи охир 100 нафар ҷавононе, ки дар чунин мактабҳо барои амалиёти террористию ифротгароӣ омода карда шудаанд, ба даст афтодаанд. Бо таассуфу нигаронӣ таъкид гардид, ки аз чунин фарзандони камсаводу бехабар дар он мактабҳо худкуш омода месозанд.Дар поёни сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон модарону бонувонро бори дигар бо ҷашни Рӯзи модар шодбош гуфта, ҷойгоҳи олии зан-модарро дар ҷомеа дафъатан таъкид дошт ва ҷавононро ба посдории шоистаи ин мақоми воло ва нигоҳубини волидони худ дар пиронсолии онҳо ҳидоят намуд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Март 7, 2013 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд