Ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон

Март 12, 2013 14:14

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз вохӯрии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Мамадаминов бо роҳбари Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Роберт ван Лейувен ва кормандони масъули вазорат ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, ҳадафи вохўрӣ муҳокима намудани масъалаҳои вобаста ба татбиқи Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон» мебошад. Инчунин дар вохўрӣ роҳбарони раёсату сохторҳои вазорат аз корҳои анҷомдода натиҷагирӣ карда, барои корҳои минбаъда супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Март 12, 2013 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш