Кӯмаки навбатии Ҳукумати Амрико ба сарҳадбонони тоҷик
Душанбе, 6 март.(АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) – Имрӯз шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбии cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва лавозимоти шахсӣ иборат аз лавозимоти шахсии ҳимояткунанда, либосҳои гарм ва лавозимоти размороиро бо арзиши зиёда аз 460 ҳазор доллари амрикоӣ ба отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шӯрообод супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, таҷҳизоти мазкур ба баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон ва ифротгароён мусоидат мекунад. Аз ҷониби сафорати ИМА дар ин чорабинӣ атташеи ҳарбӣ подполковник Ҷон Фрейвел ва роҳбари барномаи зидди маводи нашъаовар Артур Тарян ширкат варзиданд. Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз як миллиард доллари амрикоиро баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасон, ки ба рушди иқтисод мусоидат намуда, фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






