Кӯмаки Сарвари давлат ба собиқадорони вилояти Хатлон

Март 20, 2013 16:06

Қӯрғонтеппа, 20 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Имрӯз раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз ба шаш нафар собиқадорони меҳнат, ки ба рушди хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд, мукофотҳои пулиро супурда, онҳоро аз номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муборакбод кард. Тавре, ки аз шӯъбаи иттилоот ва таҳлили маъмурияти вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, беш аз 80 нафар собиқадорони меҳнат аз ин кӯмак бархӯрдор шуданд.

Март 20, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш