Кашфи тарёкхона дар шаҳри Душанбе

Март 27, 2013 16:55

Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави пойтахти кишвар дар ҷараёни тафтиш ва татбиқи маълумоти фаврӣ тарёкхонаеро ошкор намуданд, ки дар як хонаи хусусӣ ташкил шуда буд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, соҳиби он сокини 30-солаи шаҳри Душанбе буд ва дар ҷараёни боздошт дар ин хона се нафар дар ҳолати сархушӣ аз истеъмоли маводи мухаддир ҳузур доштанд. Ба гуфти манбаъ ҳангоми аз назар гузаронидани хона кормандони фаврӣ якчанд сӯзандору бо маводи мухаддирро ёфтанд, ки барои истеъмол омода шуда буд. Ҳамаи моддаҳои ошкоршуда дар шоҳидии гувоҳон мусодира шуда, барои ташхис ирсол шуданд. Дар айни замон агентӣ ҷузъиёти рӯйдодро мавриди таҳқиқи пурра қарор додааст ва санҷиши тарёкхона идома дорад.

Март 27, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад