КМИР – и ҶТ рӯзи интихоботро таъин намуд

Март 1, 2013 15:08

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 1 март, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёёсати раиси Комиссия Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа баргузор гардида, дар он масъалаи таъини интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили бозхондашудаи ҳавзаи якмандатии рақами 39 – уми Восеъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Тавре ки аз КМИР ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 13 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили бозхондашудаи ҳавзаи якмандатии интихоботи рақами 39 – уми Восеъ ба рӯзи якшанбеи 5 майи соли 2013 таъин шудааст.Ғайр аз ин дурнамои тақвимии тадбирҳои асосӣ ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили бозхондашудаи ҳавзаи якмандатии интихоботии рақами 39 – уми Восеъ тасдиқ гардид.

Март 1, 2013 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш