КМИР санаи баргузории итихоботро таъйин кард
Душанбе, 1 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 5 майи соли равон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус 1 март аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар ҷаласае, ки дар ҳузури Шермуҳаммади Шоҳиён-раиси Комиссияи мазкур баргузор шуд, қарори марбута қабул намуданд. Дар ҷаласа нақшаи тақвими чоррабиниҳои асосӣ ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Восеъ №39 тасдиқ гардид. Бояд тазаккур дод, ки вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов чанде қабл бо Фаромони Президенти мамлакат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъйин гашта буд. Р. Латипов аз ҳизби аграрии кишвар дар палатаи поёнии парлумони мамлакат намояндагӣ мекард. 27 феврал дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ваколати вакилияш пеш аз муҳлат қатъ шуд. Ҳизби аграрии Тоҷикистон чун ҳизбҳои коммунистӣ ва наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумони кишвар ду намоянда дорад. Қисмати бештари вакилони палатаи поёнии парлумон-Маҷлиси намояндагон 45 нафар намоянда аз ҳизби халқӣ -демократии Тоҷикистон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






