Комбинати нав ба кор шурӯъ мекунад
Душанбе, 13 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Комбинати нави маъдантозакунӣ дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз» дар вилояти Суғд ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.Комбинати нави маъдантозакунӣ, ки иқтидори шабонарӯзии истеҳсолиаш 2 ҳазор тонна маъдан мебошад, дар ҳудуди корхонаи муштараки «Зарафшон» — и Тоҷикистону Чин воқеъ аст. Қобили зикр аст, ки корхонаи муштараки «Зарафшон» дар ҳоли ҳозир калонтарин корхонаи истеҳсолкунандаи тиллои Тоҷикистон ба шумор меравад. Корхонаи мазкур соли 1994 дар заминаи собиқ комбинати тиллои Тоҷикистон ташкил ёфта буд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






