Конфронси таҳкимбахши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

Март 18, 2013 16:58

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»). – 5 апрел дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ дар мавзӯи «Муносибатҳои нав ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон баргузор мегардад. Мақсад аз конфронс таҳлили рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия дар марҳилаи нави ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, тағйири вазъи иқтисодиёт ва дидани чораҳо ба манзури рушду тақвият бахшидани он, ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъдаи дуҷониба мебошад. Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Русия дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ, муайян намудани механизмҳои судманди истифодаи захираҳо ва масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳаҳои анъанавии иқтисодиёт, аз қабили гидроэнергетика, телекоммуникатсия ва ҳамкории дигари гуманитарию фарҳангӣ мавзӯъҳои асосии конфронс мегарданд. Дар конфронс намояндагони мақомоти федералию минтақавии ҳокимияти давлатии Тоҷикистону Русия, аҳли тиҷорат, созмонҳои ҷамъиятию илмӣ, коршиносон ва васоити ахбори омма иштирок менамоянд.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Март 18, 2013 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш