Кўмаки ДМТ ба хона-парваришгоҳи Ҳисор
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хона — парваришгоҳи низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор кўмаки моддӣ расонид. Раиси иттифоқи касабаи устодону кормандони ин донишгоҳ Тоҷиддин Раҷабов дар ин бора ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода афзуд, ки кўмаки онҳо аз маводи ғизоие ба мисли орду равған, биринҷ ва сабзавоту меваҷот иборат буда, малбағи умумии он 7,5 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ҳамчунин ректори ДМТ Маҳмаюсуф Имомов дар маросими супоридани ин кўмакҳо зикр намуд, ки донишгоҳ дар оянда низ хонандагони ин мактаб-парваришгоҳро пайваста дастгирӣ намуда ва ҳар сол чанд нафар аз мураббияҳои ин даргоҳро ройгон ба таҳсил дар Донишгоҳи миллӣ фаро хоҳад гирифт,- афзуд Тоҷиддин Раҷабов.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






