Кўмаки Президент ба афроди ятим
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар арафаи иди Наврўз як зумра аз донишҷӯён ва муҳассилини макотиби миёна аз кўмакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бархурдор гаштанд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб маросими супоридани туҳфаҳои президентӣ баргузор гашт. Раиси шаҳри Кўлоб бо сипос ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳозиринро мутмаъин сохт, ки сиёсати некбинонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он равона шуда, ки афроди ятим ҳеҷ гоҳ эҳсоси танҳоӣ накунанд. Дар ҷавоб ба ин ғамхории падаронаи Президенти мамлакат афроди бесарпараст хониши хубу аъло ва хизмат ба халқу Ватанро ваъда карданд. Бояд гуфт кўмаки мазкур, ки аз 1000-сомонигӣ барои донишҷӯён ва либос барои муҳассилини мактаб иборат буд, ба 35 нафар донишҷў ва 128 нафар муҳассил тақдим гардид.Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






