М. Асрорӣ: «Озодии суханро ба таври воқеӣ қадр мекунем»
Душанбе,11 март.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Имрӯз дар Тоҷикистон 515 рӯзномаю маҷалла ва оҷонсиҳои иттилоотӣ, аз ҷумла 330 рӯзнома (125 расмӣ ва 205 ҷамъиятию мустақил), 174 маҷалла (82 расмӣ, 92 ҷамъиятию мустақил), 11 оҷонсии иттилоотӣ (1 расмӣ, 10 ҷамъиятию мустақил), 66 нашриёт (10 расмӣ, 56 мустақил), 256 матбаа (38 расмӣ, 218 мустақил) сабти ном шудаанд. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи мо тамоми кӯшишҳои худро ба масъалаи риояи ҳуқуқи озодии афкор ва инкишофи васоити ахбори омма равона сохтааст, зикр намуд дар паёми табрикии худ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ.Воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кӯмак мерасонанд.Аҳли соҳибхиради матбуоти ҷумҳурӣ дар муддати фаъолияти на он қадар тӯлонии хеш саҳифаҳои рангини таърихи миллат, зиндагиву корномаҳои беназири фарзандони барӯманди ватанро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт тавассути сухани волои хеш дарҷ намуда, ҳамеша халқро ба созандагиву иттиҳоди сартосарӣ баҳри расидан ба истиқлолияти воқеӣ даъват кардаанд, -афзуд М. Асрорӣ. Инчунин вазир таъкид намуд, ки: «Мо ба рушду такомули фаъолияти воситаҳои ахбори омма, ки авзои ҷомеаро ифода карда, дар раванди талошҳои геополитикӣ ва ҷаҳонишавӣ таҳаввулоти бовусъати ҳамарӯза дар ҷомеаи башарӣ бавуқуъомадаро сари вақт дарёфт ва ба мақсади эҳсос ва ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ ба доираи васеи мардум пешниҳод мекунанд, ба амалӣ шудани ҷараёни демократӣ дар ҷомеа ва пеш аз ҳама озодии сухан, рушди ошкорбаёнӣ мусоидат намуда, бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ ба пешрафти ҷамъият мусоидат менамоянд, хеле ҳавасмандем. Аз ин рӯ, мо озодии суханро, ки яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ аст, ба таври воқеӣ қадр мекунем ва аз он бояд пурсамар истифода барем»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






