М. Маҳмадаминов дар Рашт масоили ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ кард
Рашт, 12 март. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов).- Имрӯз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбарони сохторҳои вазорат дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15- январи соли 2013 баён гардид, ба минтақаи Рашт сафари корӣ анҷом дод. Ҳадафи сафари корӣ вохӯрӣ бо раисони ноҳияҳои ин минтақа ва мудирони бахшҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони сохторҳои вазорат дар минтақа ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ, касбомӯзии шаҳрвандон, аз байн бурдани қарздории ташкилоту муассисаҳо аз пардохти музди меҳнат, ҷамъоварии андози иҷтимоӣ ва пардохти саривақтии нафақаю кӯмакпулиҳо, танзими вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад. М. Маҳмадаминов дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии минтақаи Рашт шаҳрвандонро қабул кард. Дар ҷараёни қабул сокинон арзу дархостҳои худро вобаста ба самтҳои фаъолияти вазорат ба вазир пешкаш намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Пас аз қабули шаҳрвандон бо мақсади таъмини шаҳрвандони бешуғл бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани имконият оид ба интихоби кори мувофиқ ва иҷрои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар шаҳри Ғарм ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод ташкил шуд. Дар ярмарка зиёда аз 330 ҷойи кории холӣ пешниҳод гардида, дар он ба 191 нафар шаҳрванди корҷӯй барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидан роҳхат дода шуд. Инчунин дар ҷараёни сафар М. Маҳмадаминов бо ҳайати корӣ аз фаъолияти филиали МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт » аз наздик шинсо гардида, баҳри ҳалли камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод. Зимни сафар вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо раисони шаҳру ноҳияҳои водии Рашт, муовинони сарпарасти соҳа, мудирони бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ , роҳбарони сохторҳои вазорат дар минтақа маҷлиси машваратӣ баргузор намуда, ҳозиринро ба пешбурди сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






