М.Тоҳирӣ — «Саратон — табобатшаванда аст»

Март 11, 2013 11:29

Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Рисолаи нави табиби маъруфи халоқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ «Саратон — табобатшаванда аст» бахшида ба яке аз масоили мубрами тибби муосир — самти ҷилавгирӣ дар бахши саратоншиносӣ аз чоп баромад. Дар ин китоб, ки бо теъдоди 1000 нусха интишор шудааст, аз мафҳуми бемории саратон, усулҳои муолиҷаи он, перомуни мақоми муолиҷаи саратон бо гиёҳҳои шифобахш дар мубориза бо бемориҳои онкологӣ, хусусияту ҷадвали истифодаи гиёҳҳои шифобахш ҳангоми дучор шудан ба бемориҳои саратон нақл карда, ҳамчунин рӯйхати гиёҳҳои шифобахш ва тавсияҳо ҷиҳати истифодаи чунин доруҳои табиби мардумӣ Тоҳирӣ, аз қабили «Замч», «Ферла Ҳит» ироа шудааст. Доктори илми тиб, профессор Ксения Ярёменко (аз шаҳри Санкт – Петербург) дар пешгуфтори китоб зикр намудааст, ки алҳол сабаби бӯҳрони тибби муосир, аз ҷумла онкология, мавҷуд набудани муносибати ҷиддӣ ба ин беморӣ буда, биноан рисолаи табиб Тоҳирӣ ин нуқсони тибби имрӯзаро ба андозаи муайян аз байн мебарад.Дар рисола маслиҳатҳои амалии худи Муллозуҳур Тоҳирӣ зикр ёфтаанд, ки барои шахсони гирифтори бемории саратон хеле заруранд.Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.

Март 11, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд