М. Убайдуллоев: “Назорати прокурориро пурзӯр намудан зарур аст”

Март 1, 2013 15:05

Душанбе, 1 март(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ — Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори генералӣ Шерхон Салимзода Одинаро зимни ҳисобот дар Парлумони мамлакат ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигаронид. Мавсуф зикр кард, ки дар доираи салоҳияти худ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқи кишвар, хусусан кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ, соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба таври қатъӣ пурзўр намояд. Бояд тазаккур дод, ки Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар назди аъзои палатаи болои Парлумони Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» дар иҷлосияи сендаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ҳисобот дод. Аъзои палатаи болоии парлумони кишвар ҳисоботи прокурори генералии мамлакатро ба инобат гирифта, барои тақвияти фаъолияти минбаъдаи мақомоти прокуратура таъкид намуданд, ки дар ин замина тақвияти назорати прокурорӣ ва сари вақт эътирози воқеӣ овардан ба қонунпоймолкуниҳои субъектҳои ҳуқуқӣ, санадҳои ғайриқонунии қабулкардаи роҳбарони мақомоти марбутаи давлатӣ новобаста аз тобеияти идоравӣ ногузир аст.  Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид намуд, ки пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар мавриди истифодаи замин, сохтмону меъморӣ, ҳифзи меҳнат, аз байн бурдани қарздорӣ аз музди меҳнат, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, риояи ҳолати санитарию экологӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ, хусусан таҳқиқу кушодани ҷиноятҳои худкушиву зӯроварӣ дар муассисаҳои ислоҳию меҳнатӣ ва қисмҳои низомӣ, муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуб бо тақозои замон ногузир аст.

Март 1, 2013 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид