Мақоми зан дар ислоҳоти кишоварзӣ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – 28 март дар ҳамоиши якуми миллӣ таҳти унвони «Мақоми зан дар ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» масоили фароҳам овардани шароити мусоид барои занони соҳибкор ва таъмини дастрасии онҳо аз замин, захираҳои об, ҳамчунин маблағҳои зарурӣ мавриди муҳокима қарор мегирад.Ин чорабинӣ бо иштироки созмони ҷамъиятии «САМР Кӯҳистон» ва созмони байналмилалии Оксфам дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад. Тавре ки аз созмони ҷамъиятии «САМР Кӯҳистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо таҷрибаи бахши кишоварзӣ, ҳамчунин мақоми махсуси занони соҳибкор дар рушду густариши кишоварзиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






