Мақсад: ободию созандагӣ
Ғончӣ, 26 март. (АМИТ «Ховар», С. Маҳкамов).-Бино ба иттилои муовини раиси ноҳияи Fончӣ Зебунисо Азимова ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз дар ноҳия аз тариқи ҳашар дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои мактабиву тандурустӣ маъракаи муҳими ниҳолшинонӣ, ободониву кабудизоркунӣ, бунёди боғҳо ва ба ин монанд корҳои ибратпазир доир мегарданд.Чанде пеш мардуми ноҳия маконеро обод ва ба боғи истироҳати кӯдакону наврасон табдил доданд. Аз оғози соли равон мардуми ноҳия дар лаби канал, сой ва роҳҳо ба миқдори 50 бех ниҳол, 1300 дона қаламча шинонида, масофаи 400 метри мураббаъро ба кабудизор табдил доданд.Мардуми сарбаланди ноҳияи Ғончӣ бо дилу нияти пок камари ҳиммат баста, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар вилояти Суғд ноҳияашон беҳтарин гардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






