Маросими муаррифии китоби «Хазинаи тиллоии тоҷикон»
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). — Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва зимни ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар шаҳри Маскав ба муносибати муаррифии китоби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Хазинаи тиллоии тоҷикон» дар бинои Академияи дипломатии ВКХ Федератсияи Русия маҷлиси ботантана баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони манбаъ, маҷлиси қабул бо сарсухани ноиби ректори Академияи дипломатияи ВКХ Федератсияи Русия оид ба таълим ва равобити байналмилалӣ А.В.Лукин оғоз ёфт.Сипас Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев зимни суханрониаш дар бораи мазмуни ин китоби нодир муфассал нақл карда, гуфт, ки китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ, чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва немисӣ чоп шудааст.Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Русия Пӯлод Булбул-оғли аз дурдонаҳои фарҳангу санъати бостонии тоҷикон бо меҳру муҳаббати бепоён сухан кард. Маҷлиси қабул бо консерти идонаи Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ноҳид Зайналпур ва тақдими нусхаҳои китоб ба меҳмонону иштирокдорони он анҷом ёфт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






