Масъалаи бехатарии биологӣ дар Душанбе матраҳ шуд

Март 29, 2013 16:12

Душанбе, 29 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар ҷаласаи Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, экологҳо ва расонаҳои хабарӣ баргузор гардид, масоили вобаста ба сиёсат ва асоси ҳуқуқии бехатарии биологӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо матраҳ гардид. Маҳмадшариф Ҳақдодов -раиси Комиссияи муваққатии экологии палатаи поёнии парлумони мамлакат зимни нишаст гуфт, ки барои Тоҷикистон масъалаи бехатарии биологӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Мавсуф афзуд, ки нишасти имрӯза ба масъалаҳои мубрами экологӣ -нигоҳдории гуногунии биологӣ ва таъмини бехатарии биологӣ, ки асоси онро қонунгузории байналмилалӣ-Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ ва Протоколи Картахенӣ оид ба бехатарии биологӣ ба Конвенсияи гуногунии биологӣ ташкил медиҳад, бахшида шудааст. Иштирокдорони ҷаласа доир ба ҳолати қонунгузории ҷорӣ ва асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва бехатарии бологӣ дар кишвар, хусусан дар доираи Протоколи Картахенӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон вобаста ба шомил гардиданаш ба Созмони Чаҳонии Савдо табодули назар карданд.

Март 29, 2013 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд