Машқҳои муштараки сохторҳои қудратии ҶТ

Март 28, 2013 11:46

Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар»). – Аз 26 то 29 март дар машқгоҳи Фахрободи вилояти Хатлон машқҳои муштараки фаврию тактикӣ сурат мегиранд. Назар ба хабари Вазорати мудофиаи ҶТ, машқҳоро роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои гарнизони вилоят назорат намуда, дар онҳо ҳамаи сохторҳои қудратии гарнизони вилоят, аз ҷумлаи техникаи зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳо ва аслиҳаи оташфишон мавриди истифода қарор мегиранд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, машқҳо бо роҳбарии сардори ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ муовини аввали вазири мудофиаи кишвар Рамил Нодиров сурат мегиранд.

Март 28, 2013 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш