Мичуринро бо Рӯдакӣ иваз карданд

Март 1, 2013 16:14

Душанбе, 1 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Ахиран аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ бо назардошти пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон қарори марбутаро оид ба тағйир додани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини гуруҳи ноҳияҳои ҷануби кишвар қабул намуданд.  Тибқи ин қарор номи деҳаи Хоҷа Қўчкории деҳоти Меҳрпарвари ноҳияи Панҷ Чорсӯро гирифт. Дар ноҳияи Қубодиён деҳоти Янги-йул ба деҳоти 20-солагии Истиқлол, деҳоти ба номи Саидназар Худойқулов ба Тахти Сангин, деҳаҳои Ленин ба номи Мирзо Турсунзода, Бештемур ба номи Бобоҷон Ғафуров, Тешик-тош ба номи Саидназар Худойқулов, Қизил-иттифоқ ба Ваҳдат, Болшевик ба Гулистон, Калинин ба Навобод, Ҷарқурған ба Авасто, Янги-йул ба Роҳи нав, Микоян ба ба номи С. Айнӣ гузошта шуданд. Ҳамзамон дар ноҳияи Қумсангир деҳоти ба номи Крупская ба деҳоти Ваҳдати миллӣ, деҳоти Телман ба деҳоти Истиқлол ва дар деҳоти Панҷи ноҳияи мазкур номи деҳаҳои Островский ба Сомонӣ, Октябр ба Ваҳдат, Пионер ба Истиқлол, Янгиобод ба Куҳдоман, Шоликорӣ ба Фатҳобод, Қарадум ба Сари пул, Крупская ба номи Сайдалӣ Вализода, Ударник ба Ҳаёти нав, Куйбишев ба номи Лоиқ Шералӣ, 50-солагии Октябр ба номи Боқӣ Раҳимзода, Қизилнишон ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ, Аскари Сурх ба Ҳомиён, Комсомол ба Ҷавонони деҳот, Болшевик ба Суғдиён, Қизил Тоҷикистон ба Тоҷикистон, Оқ-олтин ба Навобод, Сотсиализм ба Наврӯз, Калинин ба Деҳқонобод, Фрунзе ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, Геран ба Зарнисор, Озодӣ–2 ба Хайробод, Озодӣ–3 ба номи Ҳофизи Шерозӣ табдили ном карданд. Инчунин деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ ба номи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс -Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.

Март 1, 2013 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид