«Милзор» муҳоҷиронро бо кор таъмин мекунад

Март 19, 2013 15:32

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР ва директори генералии ширкати бинокории «Милзор» Мракич Предраг масоили ҷалби имконпазир ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатиро аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот Мракич Предраг зикр намуд, ки ширкати бинокории «Милзор» яке аз ширкатҳои калонтарини сохтмонӣ дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Мавсуф зикр намуд, ки имрӯз дар иншоотҳои сохтмонии ширкати «Милзор» аз 300 то 400 нафар коргарони Тоҷикистон меҳнат мекунанд.

Март 19, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд