Муҳокимаи масъалаҳои кўдакони имконияташон маҳдуд
Душанбе, 7 мард. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирўз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронид.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ сардори Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Лайлӣ Моширӣ иштирок намуд. Дар вохўрӣ масъалаи иштироки роҳбарияти вазорат дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ЮНИСЕФ, ки рўзи 15 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтИнчунин омодагӣ ба Форуми 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба ҳифзи кўдакон вобаста ба масъалаҳои кўдакони имконияташон маҳдуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 доир мегардад, амалҳои минбаъда аз натиҷаи Конфронси байниидоравии сатҳи баланд, ки моҳи ноябри соли 2012 дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғория баргузор гардид ва оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии кўдакон» муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






