Муҳокимаи масъалаи бартараф намудани қарздорӣ дар Ҳисор

Март 14, 2013 09:22

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 15 марти соли равон вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбарони зерсохтори вазорат ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ менамояд.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, мақсади сафар доир намудани маҷлиси машваратӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони сохторҳои марбутаи вазорат дар минтақа ва муҳокимаи масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.Инчунин оид ба фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ бартараф намудани қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат, ҷараёни ҷамъоварии андози иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаву кӯмакпулиҳо, вазъи хизматрасонии иҷтимоӣ дар муассисаҳои будубоши рӯзона муҳокима гардида ва қабули шаҳрвандон баргузор мешавад.

Март 14, 2013 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад