Муҳокимаи масоили Афғонистон
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар»). – Дар чорабинии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки 12 март дар шаҳри Вена баргузор мегардад, ҳамкории ҷомеаи ҷаҳон бо Афғонистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар маркази диққат қарор мегирад. Мақсад аз ин чорабинӣ андешидани тадбирҳои имконпазир ба манзури мусоидат ба ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати дастгирии Афғонистон, амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир мебошад. Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар конфронс муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ба ӯҳда дорад.Дар ин бора аз дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






