Муҳокимаи масоили мубориза бо терроризм

Март 6, 2013 14:53

Душанбе, 6 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — 5 март дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо раиси Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Синфэн баргузор гардид.Мувофиқи хабари сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши муборизаи зидди ҷинояткорӣ, терроризм ва ифротталабӣ, ҳамчунин таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамкории зичи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии ҶМЧ – ро баррасӣ намуда, мақоми Созмони ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияту суботи минтақаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ карданд.Чжан Синфэн дар навбати худ аҳамияти ҳамкории зичи сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ бо комиҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ ва ибтикороти онҳоро ҷиҳати минбаъд афзун намудани самараи кори Кумитаи иҷроия ба таври махсус қайд намуд.

Март 6, 2013 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд