Муаррифии китоб оид ба пешгирии СПИД
Хуҷанд, 14 март. (АМИТ «Ховар», С. Махкамов).-Дар Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди БПНМ (СПИД) вилояти Суғд муаррифии китоби тозанашри «Бемории сироятии ВНМО ва инъикоси он дар ВАО» барои журналистон, ки бо забони русӣ нашр гардидааст, баргузор гардид. Рашот Бақоева — сардори Маркази вилоятии пешгирии СПИД ва Алиҷон Солиев-мудири шуъбаи мониторингиву баҳогузории Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД аз вазъи кунунии ҳолати афзуншавии эпидемиологии кишвар ва тадбирҳои миллии ҷавобгӯ ба меъёрхои ҷаҳонӣ маълумот доданд. Зикр шуд, ки аз соли 1991 то 31 декабри соли 2012 расман беморони ВНМО (ВИЧ) 4674 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 3486 нафарашон мардон буда, 1188 нафарро занон ташкил медиханд. Муаллифони китоб Нуъмон Абдуҳамидов-духтур, коршинос оид ба бемориҳои сироятии ВИЧ ва Аҳмадҷон Сиддиқшоев-мутахассиси шуъбаи мониторингиву баҳогузории Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






