Мулоқотҳои Р.Назаров дар СММ

Март 18, 2013 11:26

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Директори Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ Рустам Назаров дар ҳошияи иштирок дар иҷлосияи 56 – уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Вена баргузор гардид, якчанд мулоқоти расмӣ анҷом дод. Рустам Назаров, аз ҷумла, бо муовини Дабири Кулли СММ, директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов мулоқот намуд. Юрий Федотов дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷонибаро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, барои фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он ҷиҳати ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир дар минтақа изҳори миннатдорӣ кард. Зикр шуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд ҳам ба татбиқи лоиҳаҳои мубориза бо маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.Директори Агентии назорати маводи мухаддири кишвар дар ҷараёни сафараш бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сарварии вазири корҳои дохилӣ — Дабири Кулли Қароргоҳи назорати маводи мухаддири Эрон Мустафо Муҳаммаднажод ва вазири мубориза бо маводи мухаддири ин кишвар Зарор Муқбил, раиси Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон Олимбек Султонов мулоқот намуд.

Март 18, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!