Мулоқоти cафири Тоҷикистон бо валиаҳди Давлати Кувайт
Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода.)-Мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ 4 март доир гардид. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, зимни суҳбат валиаҳди Давлати Кувайт ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистонро дар кишвари худ рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ кард. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки Кувайт ба густариши муносибатҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон омодааст ва кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то дастуру супоришҳои сарони ду давлат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба татбиқ гарданд . Зубайдулло Зубайдов ба Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барои таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки инкишофи муносибатҳо бо Кувайт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Ҷонибҳо ҳангоми суҳбат инчунин роҷеъ ба нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё, ки 29 марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






