Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар вохӯрӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Индонезия Юри Октавиан Тамрин доир ба аҳамияти ҳамоиши имрӯзаи кишварҳои Гуфтугӯйи ҳамкории Осиё ва муносиботи ду кишвар сӯҳбати судбахш сурат гирифт.Юри Октавиан Тамрин ба сатҳи омодагии ҳамоиш баҳои баланд дода, дар шаҳри Душанбе баргузор шудани онро нишони болоравии обурӯи Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон номид.Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия дорои дурнамои наку арзёбӣ гардид.Ба рушди минбаъдаи муносиботи судбахши ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






