Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ва Вазири молияи ин давлат
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул ва Вазири молияи ин давлат Ҳазрат Умар Зоҳирвол масоиле, ки тайи солҳои ахир ду кишвар пайгирӣ менамоянд, барасӣ шуд.Ҳамгироии босамари сохторҳои марбутаи ду кишвар барои татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, аз ҷумла доир ба сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатти барқии КАСА-1000 ва ғайра баррасӣ шуд.Изҳори умед карда шуд, ки барои густариши бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар ояндаи наздик созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон ба имзо мерасад.Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, ба Афғонистон дар омодасозии кадрҳои соҳаи роҳи оҳан ва дигар бахшҳо низ кумак расонад.Гуфтугӯййи судманд, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамкории сиёсию амниятии ду кишвар ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






