Мулоқоти Э. Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Бангладеш
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Бангладеш хонум Наваз Дипу Монӣ масоили ба роҳ мондани робитаҳои мунтазам баррасӣ шуд.Хонум Наваз Дипу Монӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамдардӣ ба роҳбарият ва мардуми Бангладеш, ки ба хотири фавти роҳбари ин давлат зимни ҳамоиши имрӯза баён намуд, арзи сипосу қадрдонӣ кард.Вазири корҳои хориҷии Бангладеш болоравии пайвастаи нуфузи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистонро намоён номида, ҳавасмандии кишварашро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






