Мулоқоти Н. Зоҳидов бо Бандар Муҳаммад Ҷамил
Душанбе, 7 март.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода.)-Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Бандар Муҳаммад Ҷамилро бо хоҳиши эшон 5 март ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот мавзуъҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, иштироки ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии аъзои Муколамаи ҳамкориҳои Осиё, ки 29 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар шуданд. Сафир таъкид дошт, ки муовини аввали вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Волоҳазрат Абдулазиз ибни Абдулло Оли Сауд ҳайати саудиро дар ин Муколама роҳбарӣ мекунад. Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои дигари муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»,аз Вазорати корҳои ҳориҷии кишвар иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






