Мулоқоти Н. Зоҳидов бо М. М. Дирек

Март 6, 2013 15:32

Душанбе, 6 март (АМИТ «Ховар»).-5 марти соли 2013 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Мунис Дирик баргузор гардид.Дар мулоқот сафири Ҷумҳурии Туркия номаи вазири корҳои хориҷии кишвараш А. Довутоғлуро ба вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Зарифӣ доир ба тасмими Туркия ҷиҳати баргузории намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2020 дар шаҳри Измир супорид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба густариши ҳамкориҳои байни ду кишварро дар партави мувофиқатҳое, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия дар моҳи декабри соли 2012 ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки татбиқи ин мувофиқатҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Март 6, 2013 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд