Мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ доир ба паҳлӯҳои гуногуни робитаҳои Тоҷикистону Покистон гуфтугӯ сурат гирифт.Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ изҳор дошт: “Тоҷикистон майлу кӯшишҳои Покистонро ба фаъолияти бештар дар доираи Созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ ва исломӣ ҷонибдорӣ менамояд”.Аз густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон, ифтитоҳи бахши Бонки миллии Покистон дар шаҳри Душанбе ва тамоюли бозшавии намояндагиҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳрҳо ва бандарҳои баҳрии Покистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маводи кимиёвӣ, тиббӣ, ресандагию бофандагӣ ва маводи ғизоӣ дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.Аз рушди ҳамкории босамари хадамоти махсус, сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла барои пешгирӣ аз амалҳои террористию ифротгароӣ низ изҳори хушӣ карда шуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳам дигар мавзӯъҳои минтақавӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






