Мулоқоти Сарвари давлат бо донишҷӯёни ятим

Март 15, 2013 17:24

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо мактаббачагону донишҷӯёни шаҳри Душанбе, ки ятимони кулл мебошанд, мулоқот намуд.Қабл аз оғози мулоқот бо ятимдонишҷӯён ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ намоишгоҳи ҳунарҳои наврӯзии мактаббачагону донишҷӯёни як қатор муассисаҳои таълимӣ намоиш дода шуд.Хонандагону донишҷӯёни хушсалиқа дар ин ҷо беҳтарин маҳсули дастони пурҳунари худро намоиш доданд. Намунаҳои хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ дар дастурхонҳои зебои ҳафтсину ҳафтшин, либосҳои миллии наврӯзӣ барои духтарону бонувон, аз ҷумла куртаҳои хушдӯхти чакан, атлас, тоқию дигар ашёи гулдӯзӣ барои ҷавонону мардон басо ҷолиб буд.Таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлатро маҳсули ҳунарҳои литсейи саноатӣ-дӯзандагии шаҳри Душанбе, ки дар пойгоҳи омӯзишгоҳи 33-юми дӯзандагӣ таъсис ёфтааст, ба худ ҷалб намуд. Тавре маълум шуд, гулдухтарони ҳунарманди ин литсей, дар ин муассисаи таълимӣ натанҳо ҳунари дӯзандагӣ, аз ҷумла гулдӯзию зардӯзӣ меомӯзанд, балки маҳсули ҳунари волои худро ба дӯстдорони либосҳои хуштарҳи миллӣ ва ҳам анвои гуногуни либосҳои замонавӣ пешкаш менамоянд.Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони мактаби байналмилалӣ ворид шуда, нахуст ба зиёда аз 360 нафар хонандагону донишҷӯёни ятими кулл, яъне бепадару модар, ки аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гирд омадаанд, кумаки моддӣ расонд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфт. Президенти кишвар аз оинҳои бостонии наврӯзӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз фархундатарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон аст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, натанҳо дар арафаи Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳо, балки ҳамеша бояд мавриди кумак ва дастгирию пуштибонии мардуми сарватманду саховатманд ва сохторҳои масъули давлатӣ қарор дошта бошанд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми саховатпешаи ҷумҳурӣ аз ин иқдоми ҷавонмардонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ва дигар рӯзҳо ба ниёзмандон дасти кумак дароз менамоянд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз садҳо квотаҳои Президентӣ, ки барои таҳсили донишҷӯёни болаёқати тоҷик дар хориҷи кишвар ҳар сол ҷудо мегардад, ёдовар шуда, изҳори таассуф намуд, ки дар миёни онҳо ятимон хеле каманд ё умуман нестанд. Ба масъулини соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти касбомӯзӣ дастур дода шуд, ки донишҷӯён — ятимони куллро зери ғамхории доимӣ қарор диҳанд. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат ҳамаи онҳо бо хобгоҳ ё дигар манзили зист ва дигар шароити барои таълим зарурӣ бояд бепул таъмин карда шаванд.Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба муассисаҳои таълимии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бештар ятимписарони солиму бардам ва болаёқат қабул карда шаванд, то ки онҳо дар солҳои таҳсил бо хобгоҳ, хӯрок ва либоси бепул ва ҳамчунин оянда бо кор таъмин бошанд.Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолу дархости як қатор донишҷӯёни ятим посух гуфта, барои ҳалли мушкилоти номбарнамудаи онҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.Дар посух ба шикоятҳо доир ба бесаробон мондани баъзе ятимон пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ, таъкид гардид, ки тамоми ятимони кулл, баъди хатми таҳсилоти миёна ва олӣ ҳам то ба ҳаёти мустақиллона ворид шуданашон бояд таҳти ғамхории давлат қарор дошта бошанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 15, 2013 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад