Мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон
Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Ашхобод, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон баргузор гардид.Мавзӯи асосии сӯҳбати сеҷониба масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани пайвандсози Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон буд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки масоили вобаста ба сармоягузории ин лоиҳа тибқи Нақшаи амалиёти Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) моҳи октябри соли 2012 ба мувофиқа расида буд.Тибқи мувофиқа роҳи оҳани мазкур бояд то соли 2015 сохта шавад.Пас аз анҷоми гуфтушуниди сеҷониба Ёддошти тафоҳуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон доир ба сохтмони ин роҳи оҳан ба имзо расид.Зимни нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки сарони ҳарсе давлат- Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷараён гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки ин роҳи оҳан ба густариши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳам таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидат фаъол хоҳад дошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






