Мулоқоти Ш.Хайруллоев бо В.Герасимов
Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз мулоқоти вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Хайруллоев бо сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ, муовини аввали вазири мудофиаи Федератсияи Русия Валерий Герасимов баргузор гардид. Тавре ки аз маркази иттилоотии Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот оид ба татбиқи қарордодҳои байни вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҷиҳати амалӣ кардани созишномаҳо байни Тоҷикистону Русия, оид ба мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2012 сухбати қобили қабул баргузор гардид. Инчунин масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомӣ байни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи омодасозии кадрҳои низомӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат дар бахши мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Зимни сафари худ В.Герасимов инчунин бо сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ Рамил Нодиров мулоқот кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи масъалаҳое, ки манофеи мутақобила ва байналмилалиро дар бар гирифтаанд, мубодилаи афкор намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






