Мулоқоти судманди Р. Раҳимов бо Э. Сюзан

Март 14, 2013 14:55

Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз, 14-уми март вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар кишвар Эллиот Сюзан ва мушовири калон оид ба масоили мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии ин сафорат Денис Костроу мулоқот кард.Сомонаи расмии ВКД иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни суҳбат тарафҳо масоилеро чун эҳтимоли сар задани хатарҳо ва таҳдидҳо баъди баровардани нерӯҳои ТҲАШ (НАТО) аз Афғонистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин ба иттилои манбаъ Рамазон Раҳимов ва Эллиот Сюзан атрофи лоиҳаи «Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» табодули назар карда, дар ин росто сафири ИМА иброз намудааст, ки онҳо омодаанд баъди ба имзо расидан дар амалӣ кардани ин лоиҳаҳо кӯмак расонанд.Дар фарҷом тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуданд, ки муносиботи Амрикову Тоҷикистон дар оянда рушду такомули бештар хоҳад ёфт.

Март 14, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад