Мулоқоти вазири кишоварзӣ бо сафири Туркия

Март 15, 2013 14:42

Душанбе, 15 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири Туркия дар кишвар Меҳмет Мунис Дирик ва координатори барномаи ТИКО дар Душанбе Абдуллоҳ Сарӣ мулоқот анҷом дод.  Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзӣ дар оғози суҳбат Қосим Қосимов аз ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар бахши кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки дар давоми соли 2012 додугирифти молии Тоҷикистону Туркия ба 600,6 миллион доллари амрикоӣ расида, аз ин миқдор ба маблағи 493,4 миллион доллар аз Туркия ба Тоҷикистон ва ба маблағи 107,2 миллион доллар аз Тоҷикистон ба Туркия маҳсулот ворид шудааст.Ҳамчунин Қосим Қосимов аз ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТИКА) ёдовар гардида, зикр намуд, ки бо ташаббуси ин агентӣ дар давоми солҳои 2011-ум ва 2012-ум чандин мутахассисони Вазорати кишоварзӣ дар Туркия аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд. Ҷонибҳо дар анҷом изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда низ муносиботи Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои иқтисоду савдо рушд хоҳад кард.

Март 15, 2013 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад