Муроҷиати шаҳрвандон барои сабти аснод
Кӯлоб, 28 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). — Масъулини бахши сабти ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Восеъ дар асоси Кодекси оилаи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ амал карда, дар самти риояи қонун дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷамоатҳои деҳот бо аҳолӣ вохӯрӣ доир менамоянд. Дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ 402 ҳолати таваллуд, 70 вафот, 231 никоҳ, 245 ҳолати барқарории таваллуд, 62 ивази ному насаб, 270 ҳолати муқаррар кардани падарӣ, 12 ҳолати бекор кардани никоҳ ва дигар сабтҳо аз тарафи бахш ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Гуфта мешавад бахшида ба иди Наврӯзи Аҷам ба 8 ҷуфт арӯсу домод (навхонадорон) аз тарафи бахш ба таври ройгон шаҳодатномаи ақди никоҳ тақдим гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






