Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни маъюбон
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш миёни маъюбон 30- 31 марти соли равон дар ноҳияи Ҳисор мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон, шоҳмот ва шашкаро байни варзишгарони маъюб доир менамояд. Дар мусобиқа варзишгарони синни то 22 сола аз вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кўлоб, шаҳри Душанбе, водии Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат хоҳанд кард. Ғолибону ҷоизадорон бо ифтихорномаву медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор қадрдонӣ мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






