Мусодираи 30 кг маводи нашъаовар
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар рӯзҳои ид аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳри Хуҷанд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ қариб 30 кг маводи мухаддир мусодира гардид.Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, рӯзи 24 март дар шаҳри Душанбе дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар шаҳрванди пойтахт Мансур Санаков, соли таваллудаш 1966 ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 15 килою 900 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин рӯзҳои 20 ва 23 март аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар гардиши роҳи маҳаллаи Сталинский бо гумони нашъаҷаллобӣ сокини ноҳияи Ҷ.Расулов Шермат Абдуллоев бо 6 килою 979 грамм маводи нашъадори героин ва Амиршо Кӯчатшоеви 49-сола, пештар бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ суд шудааст, бо 6 килою 100 грамм героин дастгир шуданд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






