Мусодираи силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ дар водии Рашт
Душанбе, 28 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 марти соли равон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва воситаҳои нашъадор, аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурўҳи ноҳияҳои Рашт шаҳрвандон Шоҳиҷангов Абдулҳамид Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рашт ва Замонов Искандар Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе боздошт шуданд.Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Шоҳиҷангов Абдулҳамид аз дохили ҷевони ошхона 1 адад туфангчаи тамғаи «Макаров» бо 3 тирдон ва 61 дона тир, 5 адад тири қутраш 70 милиметраи карабин, 4 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва 8 дона қаламчаи воситаи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардиданд.Айни замон аз рўйи қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Маврид ба зикр аст, ҳодисаи зикрёфта нишон медиҳад, ки барои иддае аз сокинони водии Рашт воқеаҳои фоҷиабори дар ин минтақа рухдода ҳанўз ҳам дарси ибрат нагардидаанд. Онҳо ба ҷойи аз сулҳу субот, оромию осудагӣ ва рушди ҷомеа шукргузорӣ кардан, баръакс даст ба ҳаракатҳои зиддиқонунӣ мезананд. Чунин ашхос бояд мутмаин бошанд, ки барои содир кардани ҷиноят тибқи қонун ҳатман ба ҷазои сазовор маҳкум хоҳанд шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






