Мустаҳкам кардани соҳилҳои хавфнок
Кӯлоб, 13 март. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Масъулини Корхонаи воҳиди давлатии зудамали механиконидашудаи минтақаи Кӯлоб баҳри пешгирии офатҳои табиӣ ба мустаҳкам кардани сой ва ҷойҳои обгузаре, ки дар ҳолати омадани сел хавфноканд, шуруъ карда, то ин давра корҳои соҳилмустаҳкамкуниро дар масофаи 2 км 700 м дар мавзеъҳои Ниҳолпарвар, Хоҷаэшони ноҳияи Восеъ ва ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба итмом расониданд, ки маблағи умумии он 1 млн. 300 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Бинобар иттилои сардори корхонаи мазкур Амирхон Маҳсиддинов маводи сӯзишворӣ аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ барои хуб ҷараён гирифтани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ сари вақт ворид гардид. Ба гуфтаи манбаъ корхона дорои 20 техникаи муосир буда, 18 тои он фаъол мебошад, ки барои вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва ба таври шартномавӣ ба итмом расонидани хизматрасонии аҳолӣ сафарбар гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






