Нашри намунаҳои назми тоҷик дар Беларус
Душанбе,7 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Маҷмӯаи ашъори шоирони муосири тоҷик бо номи «Пад зоркай Рудаки» (Бо чашми Рӯдакӣ) дар Беларус ба нашр расид. Ин китобро нашриёти «Звезда»-и Минск интишор карда, ба он адабиётшиноси маъруф Алес Карлюкевич пешгуфтор навиштааст. Гуфта мешавад дар ин маҷмӯа беҳтарин намунаҳои назми муосири тоҷик аз ашъори Муъмин Қаноат, Гулназар, Аскар Ҳаким, Сайидалӣ Маъмур, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ , Низом Қосим, Фарзона, Зулфия Атоӣ, Ҳадисаи Қурбон ва Нуқраи Суннатниё гирд оварда шудаанд. Намунаҳои назми муосири тоҷикро мутарҷимон Владимир Морук, Микола Черноутский, Анатол Закай, Казимир Камейша ба забони беларусӣ тарҷума кардаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






