Наврӯз дар Минск
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Туркманистон дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус шаҳри Минск ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз маҷлиси идона баргузор гардид. Меҳмонон аз ҷумлаи намояндагони корпуси дипломатӣ, сиёсатмадорон, аҳли тиҷорат, намояндагони илму фарҳанг, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус, вазорату идораҳои ин кишвар, ҷамоаҳои миллии се кишвар бо таърихи иди Наврӯз ва аҳамияти ҷаҳонии он ошноӣ пайдо карданд. Сафирони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон зимни суханрониашон ҳамватанону меҳмононро бо иди байналмилалӣ муборакбод карда, аҳамияти таърихӣ ва роҳи рушду камолоти Наврӯзро зикр намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






