Наврӯзи эҳёгару зулматшикан фаро расид

Март 20, 2013 09:44

Душанбе, 20 март. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).–Ҷашни Наврӯз ба сарзамини биҳиштосои мо қадами мубораки худро гузошт ва дар дилу дидаи мо умед ба рӯзгори беҳтару зиндагии шодро бедор намуд.Мардумони гуногунмиллати сарзаминҳои бузург ҳазорҳо сол боз ин айёмро чун оғози дигаргуниҳои азим дар рӯзгори табиат ва ботини инсонҳо ҷашн гирифта, ойину суннатҳоро то ба имрӯз ба мо расонидаанд.Ҷой хушҳолӣ ва сарафрозист, ки бо ташаббус ва пешниҳоди роҳбарияти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа, бо қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эълон гардида, чеҳраи ҳамешабаҳори он ба тамоми сокинони сайёра муаррифӣ мегардад. Имрӯз иди Наврӯз дар Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Гурҷистон, Курдистони Ироқ, Канада, Қирғизистон, Македония, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Тотористон ва Бошқирдистон ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ҷуғрофияи ин иди байналхалқӣ сол то сол васеътар мешавад ва он рӯз дур нест, ки Наврӯз воқеан давлатҳои зиёди ҷаҳонро дар бар гирифта, яке аз нишонаҳои оламшумули тамаддуни мардуми ориёинажод — Наврӯз дастраси тамоми мардуми сайёра мегардад.Таҷлили Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин оинҳои ниёгони мо аст, ки бо фарорасиаш аз омадани фасли зебои баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ мужда мерасонад.Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамзамон чун суннати қадимаи ниёгони мо маънои пирӯзии нур бар зулмат ва тантанаи некӣ бар бадиро ифода месозад.Бо омадани Наврӯз ҳар як хонадони сарзамини мо аз шодиву сурур ва фараҳу хушҳолӣ лабрез мегардад ва паёми сабзи ошноӣ хурду калонро дар наврӯзгоҳҳои идона сарҷамъ месозад.Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳ ва мақоми хосса дошта, ҷанбаҳои ахлоқии он хеле бузурганд. Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост.Тоҷикистон сарзамини офтобӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.Ниёгони мо расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазию ҷуфтбарории деҳқонон, гӯштингириву аспдавонӣ, бузкашӣ ва як қатор чорабиниҳои дигарро гиромӣ доштаанд ва дар замони мо низ эҳёи чунин суннатҳои нек идома доранд.Истиқболи гарми ин ҷашни миллӣ, ки рамзи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввият ва ифтихори миллӣ мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили инсонҳо бедор месозад.Бо ин иқдом мо яке аз куҳантарин суннати аҷдодӣ ва оини давлатдории гузаштагонамонро эҳё менамоем. Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи давлатдории Ҷамшед аз ҷашнҳои бузурги ориёӣ маҳсуб ёфта, шаш рӯз таҷлил мегардид.Тоҷикон аз қадим ҳамчун мардуми хирадпешаву фарҳангофарин шуҳрат пайдо кардаанд. Боиси ифтихор аст, ки расму оини наврӯзӣ низ бо мурури замон аз ҷониби мардуми сарзаминҳои ҳамҷавор эътироф ва қабул гардидааст.Истиқлолияти Тоҷикистон худ Наврӯзи таърихи навини мо буда, аз баракати он баҳори шукуфтани ғунчаҳо ва айёми ҳосил фаро мерасад.Дар ин рӯзҳои фараҳбахши баҳорӣ дилҳои наврӯздорон моломоли ифтихору садоқат, ватандӯстиву ватанпарастӣ буда ва меҳри Модар ва Ватанро дар дили инсонҳо зинда месозад ва ҷилваи пурназокати Наврӯз моро ба самти нуру зиё равона месозад.Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо бо фарорасии ҷашни зебои Наврӯз ва оғози эҳёи табиат табрику таҳният гуфта, дар рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай кору пайкор, созандагию пешрафт, рушду тараққиёт ва комёбиҳои нав ба навро хоҳонем.Ҳар рӯзатон Наврӯз бодНаврӯзатон пирӯз бод.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.

Март 20, 2013 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло