«Наврўз-бедории табиат»- викторонаи экологӣ
Душанбе, 14 март. (АМИТ «Ховар», Н. Назиров).-Дирӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзўи «Наврўз-бедории табиат» бо иштироки хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии чор ноҳияи пойтахт викторинаи экологӣ баргузор гардид. Дар викторина намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе сухан гуфта, роҷеъ ба баҳору наврўз маълумот доданд.Баъдан суолу ҷавоб байни хонандагон баргузор гардид. Дар посухи суолҳо бештар хонандагони синфи 9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 60-и ноҳияи Сино, 72-и ноҳияи Фирдавсӣ, литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансур ва гимназияи ба номи Низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона ширкат варзиданд.Аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ба устодон ва хонандагони дар викторина фаъолона ширкат намуда, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сармутахассиси маркази ахбори экологии кумита Хуршеда Мусаввирова иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






