Номаи Палатаи савдои Куба унвонии ПСС ҶТ
Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Палатаи савдои Ҷумҳурии Куба ният дорад, ки бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз номи президенти Палатаи савдои Куба Эстрел И. Мадригал Валдес ба Палатаи савдои Тоҷикистон барои ҳамкорӣ номаи сипосгузорӣ ирсол гардида, дар он изҳори умедворӣ карда мешавад, ки ҳамкории ҳар ду палата дар оянда муваффақона рушду густариш хоҳад ёфт. «Мо барои афзун намудани натоиҷи бадастомада ва расидан ба ҳадафҳои судманд ба нафъи халқу кишварҳоямон саъю кӯшиш менамоем», — гуфта мешавад дар нома.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






